LIVE

Рамос рекорди Буффонро такрор кард

Муҳофизатгари мунтахаби Испания - Серхио Рамос дар бозии дӯстона бо тими миллии Ҳолланд дар дақиқаи 85-ум ба майдон ворид шуд. Ҳимоятгари испанӣ баъди ба майдон баромаданаш  дастоварди Ҷанлуиҷи Буффонро такрор кард. Рамос ва Буффон дар ҳайати тими миллии кишварҳои худ  176 бозигӣ анҷом додаанд, ки ин беҳтарин натиҷа дар миёни мунтахабҳои Аврупо мебошад. Рекордгузор дар ҷаҳон Аҳмад Ҳасании мисрӣ маҳсуб мешавад, ки бо пироҳани мунтахаби Миср ӯ 184 маротиба майдондорӣ кардааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив