LIVE

Рамос ба зинаи 8-уми беҳтарин голзанҳои мунтахаби Испания баромад

Муҳофизатгари мунтахаби Испания - Серхио Рамос ба мақоми 8-уми беҳтарин нишонзанҳои тими миллии Испания баромад. 
Рамос дар бозӣ бар муқобили мунтахаби Украйна дар мусобиқаи Лигаи Миллатҳои УЕФА (4:0) ду гол зад. Баъди ин бозӣ шумораи голҳои футболбози мазкур дар маҷмуъ ба 23 адад расид. Аз рӯи ин нишондод бо бозигари собиқи мунтахаб, Алфредо Ди Стефано баробар шуд. 
Топ-10 ҳамлагари беҳтарини тими миллии Испания чунин аст:
1. Давид Виля – 59 гол
2. Раул – 44
3. Фернандо Торрес – 38
4. Давид Силва – 35
5. Фернандо Йерро – 29
6. Фернандо Морентес – 27
7. Эмилио Бутрагено – 26
8-9. Алфредо Ди Стефано – 23
8-9. Серхио Рамос – 23
10. Хулио Салинас – 22.
Тими миллии Испания рӯзи 10 октябр бозии навбатии худро бо мунтахаби Швейтсария анҷом медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив