LIVE

Рамос беҳтарин муҳофизатгари Ла Лига дар асри XXI

Дар бозии охирини даври 38-уми чемпионати Испания «Леганес» бо тими «Реал» бозиро мусовӣ  2:2 намуд.
Дар ин дидор муҳофизатгари 34 солаи «Реал» - Серхио Рамос голи навбатии худро ба ҳадаф расонид. Ин голи 11-умини  ӯ дар чемпионати Испания маҳсуб мешавад. Ба иттилои  Opta муҳофизатгари испанӣ  миёни дифоъгарони  Ла Лига дар асри XXI  рекорди нав гузошт.  Рекорди қаблӣ дар мавсими солҳои - 2005/2006  аз ҷониби муҳофизатгари «Хетафе» - Мариано Пернии ба қайд гирифта шудааст, ки он замон ӯ муаллифи 10 гол шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив