LIVE

Барои Серхио Рамос мавсим ба анҷом расид

Ҳимоятгар ва капитани “Реал Мадрид” Серхио Рамос аз пояш осеб дидааст, хабар медиҳад сомонаи расмии клуби шаҳри Мадрид.
Ҳангоми муоинаи тиббӣ маълум гардидааст, ки  бозигари 35-соларо мушаки  пои чапаш осеб дидааст. Вақти барқароршавии “Рамос” маълум нест. Муҳофизатгари дигари марказии даста Варан низ ҷароҳат дорад ва барои Зидан дастнорас аст. 
Ёдовар мешавем, ки Рамос дар бозии ҷавобии даври 1/2 финали Лигаи Чемпионҳои УЕФА бо “Челси” (0:2) ширкат варзида буд. Муҳофизатгари асосии “Реал” дар бозӣ бар муқобили “Севиля” ба майдон намебарояд. 
Дар мавсими ҷорӣ Рамос дар 15 бозии чемпионати Испания ширкат варзида, ду гол ба самар расонидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив