LIVE

Тимур Партсвания ва Гонсало Ритако аз "Истиқлол" рафтанд

«Истиқлол»-и Душанбе тасмим гирифт, ки бо ду легионер шартномаро тамдид накунад.
Баъди ба охир расидани мӯҳлати шартномаашон ҳимоятгар Тимур Партсвания (Украина) ва нимҳимоятгар Гонсало Ритако  (Аргентина) аз даста рафтанд. Тимур Партсвания аз оғози мавсими 2022 ба даста шомил гардида буд. Гонсало Ритако тобистони соли гузашта ба «Истиқлол» гузариш намуда буд ва фаъолияти минбаъдаи худро дар чемпионати Венесуэла идома хоҳад дод.
Клуби футболи «Истиқлол» ба Тимур ва Гонсало  изҳори  сипос намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаи варзишашон комёбиҳои калон таманно менамояд!

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив