LIVE

Боз як футболбоз тарки “Хуҷанд” намуд

Шартномаи нимҳимоятгар Абдулмуъмин Забиров бо дастаи  “Ҳуҷанд”  ба анҷом расид ва футболбоз такри ин тими футбол намуд. Нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Абдулмӯъмин Забиров тайи ду соли ахир дар ҳайати  “Хуҷанд” бозӣ мекард ва пас аз анҷоми қарордод дастаро тарк намуд. Ба иттилои саҳифаи расмии дастаи мазкур худи бозигар тасмим гирифтааст, ки қарордодашро тамдид накунад. “Аз номи тамоми мухлисони бошгоҳи футболи “Хуҷанд” ба Абдулмӯъмин Забиров барои ҳамкорӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди бошгоҳ изҳори сипос намуда, дар фаъолияти минбаъдааш барору комёбиҳо таманно дорем”, омадааст дар саҳифаи расмии даста. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив