LIVE

"Хуҷанд" Ҷоми КФО-2021-ро бо пирӯзӣ ҷамъбаст намуд

Барандаи медали нуқраи Чемпионати Тоҷикистон-2020 дастаи “Хуҷанд” дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 бар дастаи “Олой”-и Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Пирӯзии дастаи “Хуҷанд” тавассути зарбаҳои нишонраси Дилшод Бозоров ва Абдулмуъмин Забиров имконпазир гардид. Барандаи медали нуқраи Чемпионати Узбекистон, дастаи “Насаф” дар ҳар се бозӣ пирӯз шуда, ғолиби гурӯҳи “F”-и Ҷоми КФО-2021 гардид. Акнун дар финали минтақаи Марказии Ҷоми КФО-2021 “Насаф” бо дастаи “Аҳал”-и Туркманистон, ки дар гурӯҳи “Е” ғолиб шуд, бозӣ мекунанд.

Ҷоми КФО-2021
Минтақаи Марказӣ

Гурӯҳи «F». 3-юм давр

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Олой» (Қирғизистон) – 2:0
Голҳо: Дилшод Бозоров, 27 (1:0). Абдулмуъмин Забиров, 50 (2:0).

«Насаф» (Узбекистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон) – 2:0
Голҳо: Шоҳмалик Комилов, 27 – аз пеналтӣ (1:0). Ҳусайн Норчаев, 35 (2:0).




Б    Ғ    М    Б    Т-Т    Х   
1 «Насаф» (Узбекистон)33009-09
2 «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)       31114-54
3«Алтин Асир» (Туркманистон)31117-84
4«Алай» (Қирғизистон)30034-110

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив