LIVE

Ду бозигари калидии "Хуҷанд" ба Суперлигаи Ӯзбекистон гузаштанд

Тоҳир Малодӯстов низ "Хуҷанд" -ро тарк кард. Ҳамлагари тими миллии Тоҷикистон аз ин дастаи футболи вилояти Суғд ба яке аз дастаҳои футболи Суперлигаи Ӯзбекистон - "Бухоро" гузариш анҷом дод. Клуби футболи "Хуҷанд" ба Тоҳир барои ҳамкориаш ташаккур гуфта, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдааш барори кор тамано кардааст.
Тоҳир Маладустов корномаи варзишиашро дар дастаи "Бухоро"-и Ӯзбакистон идома хоҳад дод. 
Футболбозро ба ин даста собиқ сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон - Усмон Тошев, ки айни замон ба ҳайси директори варзишии дастаи мазкур кору фаъолият мекунад, даъват кардааст 
Ёдовар мешавем, ки дар баробари Тоҳир "Хуҷанд" –ро Фирдавс Чақалов низ тарк намуда, ӯ низ ба Суперлигаи Ӯзбекистон рафт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив