LIVE

Ҷаҳонгир Эргашев ба Суперлигаи Ӯзбекистон рафт

Нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Ҷаҳонгир Эргашеви 26-сола фаъолияти варзишии худро дар бошгоҳи футболи "Қизилқум" -и Ӯзбекистон идома медиҳад. Ин тими футбол дар Суперлигаи Ӯзбекистон баромад мекунад. 
Ҷаҳонгир Эргашев бо клуби “Қизилқум” то охири мавсим шартнома бастааст. Клуби охирини Эргашев дастаи “Хуҷанд” буд, ки ӯ бо ин даста медали нуқраи чемпионати Тоҷикистонро дар мавсими гузашта ба даст овард. Дар мавсими гузашта «Қизилқум» дар Суперлигаи Ӯзбекистон ҷои ёздаҳумро ишғол карда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив