LIVE

Голи Ҷаҳонгир ба дастаи «Сайф Спортинг» пирӯзӣ овард

Ҳамлавари тими мунтахаби Тоҷикистон - Ҷаҳонгир Эргашев дар ҳайати дастаи ҷадиди худ  аввалин голи расимиро ба ҳадаф расонид. Дастаи Ҷаҳонгир Эргашев «Сайф Спортинг клаб» дар мусобиқаи Ҷоми Федератсияи футболи Бангладеш бо дастаи “Шайх Ҷамол” дидор анҷом дод. Дар ҳоле, ки бозӣ бо натиҷаи 1 бар 1 сурат мегирифт, Ҷаҳонгир голи пирӯзиовари тимашро дар дақиқаи 84-уми бозӣ аз тариқи зарбаи ҷаримавии 11 метра ба ҳадаф расонид. Ин зарбаи ҳадафрас ғалабаи тимашро дар дидори мазкур таъмин намуд ва «Сайф Спортинг клаб» ба давраи навбатии мусобиқа роҳхат пайдо кард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив