LIVE

Хуҷанд Ҷоми Тоҷикистонро бо ғалаба оғоз кард


Дар доираи бозиҳои аввали даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дастаи "Хуҷанд" дар майдони худ бо намоянда аз Лигаи якуми мамлакат бошгоҳи футболи "Ваҳдат" дидор анҷом дод. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи "20солагии Истиқлолият" дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, бо ғалабаи калони 7:0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт. Турсуналӣ Рустамов ва Дилшод Бозоров дар ин рақобат дубл карда, се голи дигарро Юрий Захаркив, Муҳаммадшарифи Саидхоҷа ва Ҷаҳонгир Эргашев ба ҳадаф расониданд. Бозии ҷавобии дастаҳо 3-юми август дар шаҳри Ваҳдат сурат мегирад. 

Ҷоми Тоҷикистон-2019. Даври 1/8 ниҳоӣ. Бозии аввал 

«Хуҷанд» 7:0 «Ваҳдат»
Голҳо: Турсунали Рустамов, 20' (1:0). Турсунали Рустамов, 42' (2:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 61' (3:0). Юрий Захаркив, 63' (4:0). Дилшод Бозоров, 77' (5:0). Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 83' (6:0). Дилшод Бозоров, 90' (7:0).

Беҳтарин бозингар: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»)

Хуҷанд. Варзишгоҳи "20солагии Истиқлолият". 3500 мухлис.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив