LIVE

Ҷоизаи навбатии Клопп бо «Ливерпул»

«Ливерпул» ғолиби Чемпионати Ҷаҳон миёни клубҳои футбол дар соли 2019 шуд. Дар шаҳри Доҳа дидори тақдирсози мусобиқаи мазкур сурат гирифт, ки бошгоҳи англисӣ бо як голи беҷавоб бар тими футболи «Фламенго» дастболо шуд. Дар вақти асосӣ ҳисоб кушода нашуд. Дар дақиқаи 99-уми дидор ҳамлагари бразилитабори намояндаи қораи Авурпо Роберто Фирмино аз партофти ҳамдастааш  Садио Мане истифода карду голи ғалаба оварро ба ҳадаф расонид. «Ливерпул» дар ин мусобиқа ҳамчун ғолиби Лигаи  Чемпионҳо  дар мавсими солҳои-2018/19 ширкат варзид.  «Фламенго» бошад, барандаи Ҷоми Либертадорес гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив