LIVE

Амирбек Ҷӯрабоев дар чемпионати Филиппин бозӣ мекунад

Нимҳимоятгари “Истиқлол”-и Душанбе ва тими миллии Тоҷикистон Амирбек Ҷӯрабоев ба тими “Юнайтед Сити” гузашт.
Амирбек Ҷӯрабоев фаъолияти бозигариашро дар ҳайати бошгоҳи футболи «Юнайтед Сити» (Баколод), ки дар чемпионати Филиппин бозӣ мекунад, идома медиҳад. Футболбоз ба тими нав ҳамчун агенти озод пайваст ва як сол шартнома баст. Дар ҳайати «Юнайтед Сити» Амирбек Ҷӯрабоев бо рақами 6 баромад мекунад. Рӯзи 12-уми март Ҷӯрабоев ба шаҳри Манила сафар кард.
Клуби футболи «Истиқлол» дар саҳифаи расмии худ ба Амирбек Ҷӯрабоев  изҳори сипос намуда, ба ӯ дар фаъолияти ояндааш барори кор орзу намудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив