LIVE

Амирбек Ҷӯрабоев баъд аз ҷароҳӣ ба тамринҳо баргашт

Пас аз танаффуси думоҳа, нимҳимоятгари “Истиқлол” - Амирбек Ҷӯрабоев, ки дар бозии интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 байни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Муғулистон захмӣ шуда буд, ба тамрин баргашт. Дар ҳоли ҳозир нимҳимоятгар аз рӯи барномаи инфиродӣ кор мекунад. Феълан ниммуҳофизатгари тими миллии Тоҷикистон дар алоҳидагӣ ба тамрин машғул аст ва дар назар аст, ки ӯ рӯзҳои наздик бо гурӯҳи асосӣ машқҳоро ба роҳ монад. Амирбек Ҷӯрабоев тибқи нақша бояд дар марҳилаи 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC "Истиқлол"-ро кӯмак карда тавонад, аммо ӯ дар бозиҳои гурӯҳии ин мусобиқот бозӣ накарда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив