LIVE

Як соҳибкори араб барои дидани Месси ва Роналду 2,2 млн фунт медиҳад

Соҳибкор барои дидани Лионел Месси ва Криштиану Роналду 2,2 миллион фунт пешниҳод кард.
Рӯзи 19-уми январ ПСЖ бо ситораҳои тимҳои Саудӣ “Ал-Ҳилол” ва “Ал-Наср”, ки Роналду дар ҳайати он бозӣ хоҳад кард.
Соҳибкори саудӣ Мушреф ал-Ғамдӣ, мудири ширкати амволи ғайриманқули AqarOne, дар музояда аз ҳама маблағи калонро пешниҳод намуд. 
Дорандаи чунин чипта метавонад дар маросими ҷоизасупорӣ ширкат кунад, ба утоқҳои либоспӯшӣ ворид шавад ва бо бозигарон мулоқот кунад. Ал-Ғамдӣ 10 миллион риёли саудӣ (2,2 миллион фунт) пешниҳод кард, то соҳиби ин чипта шавад.
Месси ва Роналду аз моҳи декабри соли 2020 инҷониб бо ҳам бозӣ накардаанд. Бори охир онҳо дар бозии Лигаи Чемпионҳо рӯ ба рӯ шуда буданд, ки «Ювентус» бар «Барселона» ғалаба кард (3:0) ва Роналду дубл намуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив