LIVE

ФИФА беҳтарин голи Ҷоми Ҷаҳон эълон кард.

Голи ҳамлагари мунтахаби Бразилия - Ришарлисон беҳтарин голи Ҷоми Ҷаҳон - 2022 дар Қатар интихоб шуд. Дар ин бора Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) дар сомонаи расмии худ хабар додааст.
Голи беҳтарини Ҷоми Ҷаҳон дар Қатар голи Ришарлисон бо як маҳорати хоса ва техникаи олӣ ба дарвозаи тими миллии Сербия (2:0) эътироф шуд.
Ҳамзамон дар феҳристи голҳои номзад, исми Салем Ал-Давсарӣ (А.Саудӣ), Коди Гакпо (Нидерландия), Энсо Фернандес (Аргентина), Винсент Абубакар (Камерун), Луис Чавес (Мексика), Килиан Мбаппе (Фаронса), Пэк Син Хо (Кореяи Ҷанубӣ), Неймар (Бразилия) низ шомил буданд, аммо голи ҳамлагари дастаи “Тоттенхэм” аз рӯи овози бештар мақоми аввалро ишғол намуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив