LIVE

Роналду дар майдони “Реал Мадрид” тамрин дорад

Криштиану Роналду дар қароргоҳи тамринии дастаи “Реал Мадрид” машғули футболбозӣ аст. 
Ҳамлагари 37-сола дар алоҳидагӣ ба тамрин машғул аст ва бо ин мақсад мехоҳад дар ҳолати хуби варзишӣ қарор дошта бошад. 
Майдоне, ки Роналду тамрин дорад, онҷо бозингарони ҳайати асосии бошгоҳи мадридӣ машқ намекунанд. 
Моҳи ноябр Роналду ва «Манчестер Юнайтед» шартномаи худро бекор намуданд ва феълан футболбози маъруф, агенти озод аст. 
Роналду аз соли 2009 то 2018 дар ҳайати “Реал Мадрид” бозӣ карда, ду маротиба Ла Лига ва Ҷоми Испания, чор маротиба Лигаи Чемпионҳо ва дигар ҷоизаҳоро ба даст овардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив