LIVE

Карим Бензема дар финали Ҷоми Ҷаҳон иштирок мекунад

Ҳамлагари тими мунтахаби Фаронса - Карим Бензема метавонад ба Ҷоми Ҷаҳон-2022 баргардад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан соҳиби “Тӯби тиллоӣ” дар соли 2022 бар асари осеби гирифтааш тими миллии Фаронсаро тарк карда буд. 

Ба иттилои манбаъ, барқароршавии Бензема назар ба интизорӣ зудтар ҷараён гирифт ва ҳамлагар имкон дорад, ки бо Марокаш, дар финал ё дар вохӯрӣ барои ҷойи сеюм, бозӣ кунад. 

Азбаски Бензема расман аз ҳайати мунтахаби Фаронса дар Ҷоми ҷаҳон - 2022 хориҷ карда нашудааст, ӯ ҳуқуқи баргаштан ба Қатар ва бозӣ дар Ҷоми Ҷаҳонро дорад. 

Агар тими Фаронса дар Ҷоми ҷаҳон - 2022 пирӯз шавад, Бензема низ соҳиби медал мегардад. Зеро бар ивази ӯ дар мунтахаб футболбози нав даъват нашудааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив