LIVE

Роналд Куман Луи ван Галро дар мақоми сармурабии Голландия иваз намуд

Роналд Куман сармураббии нави тими миллии футболи Ҳолланд шуд. Иттиҳодияи футболи ин кишвар, чунин тасмимро ҳанӯз моҳи апрел эълон карда буд. 
Шартномаи Куман бо тими миллӣ то Чемпионати ҷаҳон-2026 амал мекунад. Роналд Куман қаблан ба ҳайси сармураббии тими миллии Ҳолланд кор карда, аз соли 2018 то соли 2020 ин дастаро раҳбарӣ мекард.
 
Беҳтарин натиҷаи Нидерландия таҳти роҳбарии Куман финали Лигаи Миллатҳои УЕФА дар мавсими солҳои 2018/2019 мебошад. 

Мутахассис қаблан бо дастаҳои «Барселона», «Эвертон», «Валенсия»низ кор кардааст. 

Қаблан маълум шуд, ки сармураббии пешини мунтахаби Ҳолланд Луи ван Гал пас аз бохти тими миллии Ҳолланд дар даври чорякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол аз Аргентина курсии худро тарк кард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив