LIVE

Куман ба вазифаи қаблии худ бармегардад

Роналд Куман ба Ассотсиатсияи Футболи Ҳолланд ваъда додааст, ки дигарбора бо тими миллӣ кор мекунад. Мураббии 59-сола аллакай аз соли 2018 то соли 2020 роҳбари мунтахаб буд ва пас аз он ба “Барселона” рафт. Моҳи октябри соли гузашта аз бошгоҳ каталонӣ барканор карда шуд. Куман шуруъ аз 1-уми январи соли 2023 баъди анҷоми мусобиқаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон - 2022, ки аз 21 ноябр то 18 декабр дар Қатар баргузор мешавад, ба тими миллии Ҳолланд бармегардад.
Шартномаи сармураббии феълии тими миллӣ ҳоланд Луи ван Гал то охири соли ҷорӣ баста шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив