LIVE

Куман: "Барса пас аз рафтани Месси бо арзиши 55 млн бозигари нав харид"

Сармураббии собиқи «Барселона» Роналд Куман гуфт, ки сабабҳои аслии тарки Лионел Мессиро аз бошгоҳи каталония намефаҳмад.
«Рехбарияти клуб барои баркарор намудани тартибот дар молия исрор кард, ки аз баҳри баъзе бозигарон мегузарад. Ман розӣ шудам ва баъд дидам, ки чанде пас аз рафтани Месси «Барселона» ба маблағи 55 миллион евро бозигари нав харид. Пас, ман ҳайронам, ки чаро ингуна рух дод? Чаро Месси бояд тарки даста намояд?.  
Ёдовар мешавем, ки Куман моҳи августи соли 2020 пас аз он ки каталониҳо имкони харидани шартномаи ӯро аз тими миллии Нидерландия амалӣ карданд, ба “Барселона” омад. Дар мавсими солҳои 2020/2021 бошгоҳи каталонӣ таҳти роҳбарии ӯ Ҷоми Испанияро ба даст оварда, дар чемпионати Испания ҷои 3-юмро гирифт. Куман 28 октябри соли 2021 пас аз мағлуб шудан аз “Райо Валйекано” бо ҳисоби 0:1 аз вазифаи сармураббии «Барселона» барканор шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив