LIVE

Расман: Куман аз вазифаи сармураббии "Барса" барканор карда шуд

Мутахассиси 58 солаи ҳоландӣ - Роналд Куман аз симати сармураббигии дастаи “Барселона” барканор шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти “нилунориҳо” хабар медиҳад. Қаблан ВАО-и Испания иттилоъ дода буд, ки дар сурати бохти “Барса” аз «Райо Валйекано» коршиноси ҳоландӣ аз мақомаш барканор мешавад. Ёдовар мешавем, ки дастаи “Барса” дар даври 11-уми Ла Лига аз тими «Райо Валйекано» бо натиҷаи 0:1 дучори бохт шуд. Хотиррасон мекунем, ки Куман моҳи августи соли 2020 ба ҳайси сармураббии дастаи каталонӣ таъйин шуда буд. Дар мавсими гузашта “нилунориҳо” бо роҳбарии Куман Ҷоми Испанияро ба даст оварда, Ла Лигаро дар зинаи сеюм ҷамъбаст намуданд.
Дар мавсими ҷории Ла Лига дастаи “Барса” баъди 11 давр, бо касби 15 хол дар зинаи 9-уми ҷадвал қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив