LIVE

Куман то ҳол ҳаққи дар курсии "Барса" нишастанро надорад

Сармураббии “Барселона” - Роналд Куман ҳоло иҷозат надорад, ки дар бозиҳои расмӣ дар курсии ҳайати доварони дастааш нишинад. Федератсияи футболи Испания ба ӯ иҷозаи пурраи роҳбариро ҳанӯз надодааст. Куман ҳақ надорад, ки дар курсии бошгоҳ нишинад, зеро “Барселона”  барои ба таври пурра бекор кардани шартнома бо Энрике Сетиен ҷубронпулӣ пардохт намояд. Сармураббии собиқи нилунориҳо интизор аст, ки аз дастаи собиқи худ, ҷубронпулӣ гирад. 
17-уми август Сетиен аз мақомаш барканор карда шуд. 19-уми август бошад, Роналд Киман ҳамчун сармураббии нави “Барселона” муаррифӣ шуд. Дар нахустин бозии расмии мавсими солҳои 2020/2021 нилунориҳо бо “Вилларреал” бозӣ мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив