LIVE

Тен Хаг: «МЮ» ба мусоҳибаи Роналду тоб оварда натавонист. Ба ҳама маълум буд, ки ӯ бояд равад.

Сармураббии дастаи «Манчестер Юнайтед» Эрик тен Хаг гуфт, ки клуб бо мусоҳибаи ҷанҷоли собиқ ҳамлагари Криштиану Роналду муросо карда наметавонад ва ба ҳама дар Юнайтед маълум шуд, ки португалӣ бояд аз даста мерафт.

"Роналду? Ман фикр мекунам, ки пас аз мусоҳибаи ӯ комилан равшан буд, ки ӯ бояд тарк кунад. Ба мо ҳатто лозим набуд, ки онро муҳокима кунем. Ҳама чиз хеле равшан буд. Барои  Шӯрои клуб ва барои ман.

Бале, ман мусоҳибаро тамошо кардам. Аммо на комилан. Ман аксари онро дидаам. ва бояд ин корро мекардам. Ин як қисми кори ман аст.
Ман боварӣ дорам, ки клуб танҳо вақте муваффақ мешавад, ки ҳама тасмимгирандагон дар як тараф бошанд ва ҳамдигарро дастгирӣ кунанд. Факат дар хамин сурат клуб муваф-фак шуда, дуруст кор карда метавонад.

Ман ҳамеша мехостам, ки Роналду дар клуб бимонад. Аммо ӯ мехост, ки тарк кунад, ин комилан равшан буд. Вақте ки футболбоз дар ин клуб бозӣ кардан намехоҳад, бояд тарк кунад.

Ин мусоҳибаест, ки Юнайтед наметавонад онро нодида гирад.  Пас аз ин бояд оқибатҳо дошта бошанд. Бо гузоштани ин қадам, ӯ оқибатҳои онро дарк кард", - гуфтааст, сармурабии МЮ.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив