LIVE

Криштиану Роналду: "Нақши ман дар даста гол задан аст"

Ҳамлагари "Манчестер Юнайтед" Криштиану Роналду дар бораи нақши худ дар даста сухан кард.

«Ҳар кас бояд нақши худро донад. Ман нақши худро дар даста ва клуб медонам... Вазифаи ман задани гол ва  бо таҷриба ва дониши бозӣ кӯмак расонидан ба даста  аст.

Агар ҳама ҳаминхел фикр кунанд, ба хотири даста қурбонӣ кунанд, ман фикр мекунам, ки мо беҳтар мешавем. Мо мухлисони афсонавӣ, варзишгоҳи афсонавӣ, дастаи афсонавӣ дорем, аз ин рӯ мо бояд бо ҳамин радиф корро идома диҳем.

Ман мақсад дорам, ки кори худамро анҷом дода,  одамон, оила, мухлисон ва худамро шод кунам. 

Шумо дар бораи тими миллии Португалия мегӯед, аммо дар Лигаи Чемпионҳо ман аз ҳама бештар гол мезанам, бештар ғалаба мекунам, ассистҳо дорам... Ҳама чиз. Ман мехоҳам идома диҳам. Футболбозиро дӯст медорам. Дӯст медорам, ки одамонро хушбахт кунам”,-гуфт Роналду.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив