LIVE

Ҷоми Ҷаҳон сабаби аз кор рафтани боз як мураббии дигар шуд.

Пауло Бенто, сармураббии тими миллии Кореяи ҷанубӣ, пас аз бохти дастааш аз Бразилия бо ҳисоби 1:4 дар даври 1/8 ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол аз мақомаш истеъфо дод.

«Мо бояд дар бораи оянда фикр кунем ва он бо бозигарони тими миллии Корея алоқаманд нест. Ман танҳо инро ба бозингарон ва президенти Федератсияи Кореяи Ҷанубӣ эълон кардам. Ин тасмим ҳанӯз моҳи сентябр қабул шуда буд. Ман аз бозингарон барои коре, ки анҷом доданд, миннатдорам. Онҳо тамоми қувваи худро доданд ва ман шодам ва ифтихор мекунам, ки мураббии онҳо будам”, - гуфтааст Пауло Бенто.

Пауло Бенто аз соли 2018 тими миллии Кореяро раҳбарӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив