LIVE

Луис Энрике баъд аз Ҷоми Ҷаҳон мунтахаби Испанияро тарк мекунад

Сармураббии тими миллии Испания Луис Энрике пас аз анҷоми Ҷоми ҷаҳонии футбол, аз мақомаш истеъфо медиҳад, хабар медиҳад Marca.

Ба иттилои манбаъ, роҳбарияти тими миллии Испания аллакай дар бораи ҷойгузини Энрике ба ҳайси сармураббӣ тасмим гирифтааст. 

Фаворит Марселино Торал аст, ки қаблан дар «Севиля», «Валенсия», «Вилярреал» ва «Атлетико»  кор кардааст.

Энрике аз соли 2019 дар тими миллии Испания кор мекунад. Таҳти роҳбарии ӯ тими Испания ба даври ниманиҳоии Чемпионати Аврупо-2020 роҳ ёфт. 

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Қатар мунтахаби Испания ба даври плей-офф роҳ ёфтааст. 

Шогирдони Энрике дар даври 1/8 финал бо Марокаш бозӣ хоҳанд кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив