LIVE

Ҳамдардии “Реал М” ва “Барселона” ба Луис Энрике

“Реал Мадрид” ва “Барселона” ба футболбози собиқи худ Луис Энрике, ки духтари нӯҳсолаашро аз даст дод, тасаллият изҳор карданд. Хана – духтари Энрике варами саратон дошт. “Реал Мадрид”ба дарди Луис Энрике ва оилаи ӯ дар робита бо марги духтараш шарикӣ карда мехоҳад дар ин лаҳзаҳои душвор тасаллияти амиқи худро изҳор кунад ", гуфт дастаи шоҳона дар сомонаи Твиттераш.
“Тасаллият ва ҳамдардии мо ба Луис Энрике ва оилаи ӯ дар ин замони душвор. Ором бихоб, Хана ”, - бошгоҳи каталанӣ дар Твиттер навишт.

Луис Энрике дар тими “Реал Мадрид” аз соли 1991 то 1996 бозӣ кардааст ва инчунин рангҳои “Барселона”-ро аз соли 1996 то 2004 ҳимоя кардааст. 19 июни соли ҷорӣ, Энрике "бо сабабҳои оилавӣ" аз вазифаи сармураббигии тими миллии Испания расман истеъфо дод.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив