Килиан Мбаппе аввалин футболбоз дар таърих аст, ки дар Ҷоми ҷаҳонии футбол то 24-солагӣ ба задани 9 гол даст ёфт.
⠀
Бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол миёнии Фаронса бо Полша бо ҳисоби 3:1 ба анҷом расид.
⠀
Дар қисми аввали бозӣ, Жиру ҳисобро боз намуд. Дар нимаи дуюми вохӯрӣ, ҳамлагар Килиан Мбаппе ду гол ба ҳадаф расонид.
⠀
Ҳамлагар дар таърих аввалин бозигаре шуд, ки то расидан ба синни 24-солагӣ дар Ҷоми Ҷаҳон 9 гол задааст.
⠀
Мбаппе аллакай дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар 5 зад. Ба ҷуз аз тими миллии Лаҳистон Мбаппе ба дарвозаҳои мунтахабҳои Австралия ва Дания низ голзанӣ намуда буд.
⠀
Роберт Левандовски дар дақиқаҳои охири иловагӣ тавассути пеналти як гол ба дарвозаи фароснавиҳо зад.