LIVE

Ҳоланд Амрикоро шикаст дод ва аввалин иштирокчии 1/4 финалии Ҷоми ҷаҳон шуд

Бозии аввали даври 1/8 ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии соли 2022 миёни Голландия ва ИМА ба анҷом расид. Дар ин дидор Голландия ба хисоби 3:1 ғалаба кард.
Дар дақиқаи 10-ум Мемфис Депай зарба анҷом дод ва ҳисоб боз шуд. Дар охири қисми аввали бозӣ Дейли Блинд бо зарбаи дақиқ бартарии дастаашро дучанд кард.
 Дар дақиқаи 76-ум пас аз зарбаи Ҳоҷи Райт тӯб ба кунҷи дарвозаи рақиб ворид шуд. Муваффақияти мунтахаби ИМА-ро афзун кардан ғайриимкон буд, зеро  пас аз панҷ дақиқа Дензел Дамфрис дар баробари ду партофти головар, худ низ ба задани гол даст ёфт.  
Шогирдони Луи ван Гал бо ҳисоби 3:1 Амрикоро шикаст дода, аввалин роҳхати даври ¼ ниҳоиро соҳиб шуданд. 

Рақиби Нидерландия дар чорякфинал ғолиби ҷуфти Аргентина - Австралия мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив