LIVE

Марокаш бори аввал аз соли 1986 ба даври плей-оффи Ҷоми Ҷаҳон баромад

Тими миллии Марокаш дар бозии даври 3-юми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар бар тими Канада бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Дар дақиқаи 4-ум нимҳимоятгари Марокаш Ҳаким Зиеш аз хатои дарвозабони Канада Милан Борян истифода бурда, ҳисобро боз кард.

Бартарии тими африқоиро дар дақиқаи 23-юм Юсеф Эн-Несири дучанд кард. Дар дақиқаи 40-ум ҳимоятгари марокашӣ Наиф Агер тӯбро ба дарвозаи худаш зад.

Марокаш дар тӯли се давр ҳафт хол ба даст оварда, дар садри ҷадвали гурӯҳи F қарор гирифт. Канада пас аз се бозӣ бидуни хол дар ҷои чаҳорум қарор гирифт.
⠀ 
Таваҷҷӯҳ кунед, ки Марокаш бори дуввум дар таърих ба плей-офф дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт. Қаблан ин дар Ҷоми ҷаҳонии соли 1986 рух дода буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив