LIVE

Ду голи Марокаш ба дарвозаи Белгия

Бозии даври 2-юми марҳилаи гурӯҳӣ миёни дастаҳои мунтахаби Белгия ва Марокаш баргузор шуд. Бозӣ дар варзишгоҳи "Эл Тумама" дар Доҳа сурат гирифт.

Қисми аввал зери бартарии андаке дастаи мунтахаби Белгия гузашт.  Ҳаким Зиёч дар дақиқаи 45+3-юм гол зад, Доварон пас аз баррасии такрори системаи VAR ин тӯбро бекор карданд.

Дар нимаи дуюм Марокаш бо шарофати голи Абдулҳамид Собирӣ ҳисобро боз намуд.

Белгиягиҳо кушиш карданд, ки ҳисобро баробар кунанд, вале рақиб дилпурона тамоми хучумҳои ҳарифро пешгирӣ кард.

Дар дақиқаи 90+3-юм Закариёи Абуҳлол бо кӯмаки Зиёч ҳисоби ниҳоии вохӯриро муайян кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив