LIVE

Ду карат барандаи "Кафши тиллоӣ" аз олам чашм пӯшид

Собиқ бозигари мунтахаби Португалия ва дастаи "Порту" Фернандо Гомеш дар синни 66-солагӣ даргузашт.

"Порту" аз талафоти яке аз бузургтарин шахсиятҳои таърихи худ андӯҳгин аст ва ба оила, дӯстон ва тамоми мухлисони Фернандо Гомеш изҳори тасаллият мекунад", - омадааст дар сомонаи "Порту".

Фернандо Гомеш муддати тӯлонӣ бо саратони ғадуди зери меъда мубориза мебурд ва дар моҳи октябр ба сактаи мағзӣ гирифтор шуда, дар бемористон бистарӣ буд.

Гомеш беҳтарин нишонзани ҳама давру замон дар ҳайати "Порту" мебошад, ки  452 бозӣ гузаронида, 355 гол задааст. Вай шаш бор нишонзани беҳтарини чемпионати Португалия шуда, ду маротиба - солҳои 1983 ва 1985 барандаи "Кафши тиллоӣ"гардидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив