LIVE

«Исфара», «Парвоз» ва «Шодмон» ба лигаи якуми Тоҷикистон баромаданд

Имрӯз, 24 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюм, ки дар он дастаҳо барои се роҳхати лигаи якум мубориза мебурданд, ба анҷом расид.

Дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи дуюм 6 даста – ғолибон ва беҳтарин дастаҳои марҳилаи минтақавӣ аз шаҳрҳои Душанбе, вилоятҳои Суғд ва Хатлон ширкат карданд. Инҳо «Локомотив» (Душанбе), «Шодмон» (Ҳисор), «Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд), Исфара (Исфара), «Шоҳин» (Муъминобод) ва «Нури-Деҳот» (Панҷ) мебошанд. Дар натиҷаи қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Ғолибони гурӯҳ дар даври ниҳоӣ бо ҳам рақобат карданд. Дастаҳое, ки зинаи дуюмро касб карданд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза бурданд.

Дар вохӯрӣ барои ҷойи сеюм дастаи «Шодмон»-и Ҳисор бар «Локомотив»-и Душанбе пирӯз шуд – 4:1. Дар қувваозмоии ниҳоӣ «Исфара» бар «Парвоз» бо ҳисоби 2:0 ғалаба карда, ғолиби мусобиқа гардид.

Ҳамин тариқ, аз рӯйи натиҷагирии қисмати ниҳоии лигаи дуюми Тоҷикистон дастаҳои «Исфара» (Исфара), «Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд) ва «Шодмон» (Ҳисор) роҳхатҳои лигаи якуми футболи Тоҷикистонро дар мавсими 2023 ба даст оварданд. 
Дар маросими ҷамъбастии мусобиқа ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, директори генералии Лигаи футболи кишвар Сайвалӣ Шоқурбонов ва раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар иштирок намуда, ғолибону ҷоизадоронро қадрдонӣ намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки нимҳимоятгари дастаи «Исфара» Хоҷӣ Абдуманон беҳтарин бозигари мусобиқа дониста шуд.

Қисмати ниҳоии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюм
Бозӣ барои ҷойи сеюм

«Локомотив» (Душанбе) – «Шодмон» (Ҳисор) – 1:4
Финал
«Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд) – «Исфара» (Исфара) – 0:2

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив