LIVE

Роналду бобати рекламаи муштарак бо Месси гуфт

Ҳамлагари мунтахаби Португалия Криштиану Роналду дар бораи рекламаи муштарак бо ҳамлагари тими миллии Аргентина Лионел Месси сухан гуфт. Роналду ва Месси акси муштаракеро дар шабакаҳои иҷтимоии худ бо таблиғотии бренди Louis Vuitton нашр карданд.

«Ин ширкатест, ки ман мехостам дар он иштирок кунам, ширкате, ки дер боз мекофтамаш. Ин боиси ифтихор аст. Ин панҷумин чемпионати ҷаҳони ман аст. Ман хушбинам», — гуфтааст Роналду.

Ёдовар мешавем, ки бори аввал бозигарон дар як таблиғ иштирок мекунанд. Баъдтар маълум шуд, ки футболбозон аз ҳам ҷудо аксбардорӣ кардаанд ва акси муштараки онҳо баъдан танзим (монтаж) шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив