LIVE

ҚАТАР УМЕДВОРИҲОРО БАРОВАРДА КАРДА НАТАВОНИСТ

Бозии ифтитоҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол баргузор шуд, ки дар он мизбони ин мусобиқот тими миллии Қатар бо Эквадор бозӣ кард.

Дар дақиқаи 16-ум Эквадорҳо тавонистанд ҳисобро боз кунанд - Эннер Валенсия, зарбаи 11-метраро ба самар расонд. Пас аз 15 дакика Валенсия бартарии дастаашро бо голи дуюми худ боз хам мустаҳкам кард.
Эквадорхо дар кисми дуйуми вохурй рафти вохуриро дилпурона назорат карда, бозиро ба хисоби 2:0 ҷамъбаст намуданд.

Ин пирӯзӣ ба Эквадор 3 имтиёз овард ва пешсафӣ дар чаҳоргонаи гурӯҳи А. Қатар дар ҷои охирин боқӣ мондааст. Бозии дигари гурӯҳ фардо, 21 ноябр баргузор мешавад, ки дар он дастаҳои мунтахаби Сенегал ва Ҳолланд рақобат мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив