LIVE

Қатар ва Эквадор ба рақобатҳои Ҷоми Ҷаҳон расман оғоз мебахшанд

Бо вуҷуди мушкилиҳои зиёд, билохира Ҷоми ҷаҳони футбол Қатар – 2022 оғоз мешавад. Мунтахаби Қатар ҳамчун мизбони чемпионат аввалин шуда, рақобатҳоро оғоз мекунад. Рақиби соҳибони майдон тими миллии футболи Эквадор маҳсуб мешавад. Шайхҳои Араб ҳануз аз соли 2010 ҳуқуқи баргузории Ҷоми Ҷаҳони футболро ба даст оварда буданд ва аз ҳамон сол сар карда, натанҳо ба бунёди варзишгоҳҳои бузург, балки тими миллии пурқувват шуруъ карданд. Қатариҳо аввал бозигарони хуби дигар кишварҳоро шаҳрвандӣ доданд хостанд, то шарафи мунтахабро дар ин мусобиқа ҳимоя кунанд, аммо ФИФА  ба ин кор монеъ шуд ва онҳо маҷбур шуданд, ки барои худ як мунтахаб аз ҳисоби бозигаронӣ маҳаллӣ ташкил созанд. Қатар барандаи Ҷоми Осиё буда, бори аввал дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Ҷаҳони футбол ширкат меварзад.
Эквадор дар рақобатҳои интихобӣ тимҳои пурқувват ба монанди Перу, Колумбия ва Чилиро дар пушти худ гузошта, ба марҳилаи асосӣ баромад. Барои эквадориҳо иштирок дар Ҷоми Ҷаҳони футбол таҷрибаи нахустин нест. Аз минтақаи Амрикои Ҷанубӣ  “бананҳо” борҳо ба даври асосӣ роҳхат гирифта, ҳатто дар соли 2006 ба марҳилаи 1/8 ниҳоӣ низ баромадаанд.
Аз лиҳои сатҳу сифати бозӣ Қатар ва Эквадор қариб, ки қувваи баробар доранд. Натиҷаи ин дидорро пешгӯӣ кардан мушкил аст, аммо бартариро метавон ба мизбоон дод, зеро онҳо дар майдон ва назди мухлисони худ  бозӣ мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив