LIVE

Иштирок кардан ё накардани Садио Мане дар Ҷоми Ҷаҳон маълум шуд

Ҳамлагари тими “Бавария” ва якачини Сенегал Садио Мане дар шаҳри Инсбруки Австрия бо муваффақият ҷарроҳӣ шуд. Дар ин бора тими футболи шаҳри Мюнхен хабар додааст.
Амалиётро профессор Кристиан Финк ва доктор Энди Вилямс рӯзи 17-уми ноябр анҷом доданд. Дар ояндаи наздик Мане бояд дар Мюнхен ба барқарорсозӣ шурӯъ кунад.
Клуб таъкид мекунад, ки Садио наметавонад дар ҳайати Сенегал дар Ҷоми Ҷаҳон, ки рӯзҳои наздик дар Қатар оғоз мешавад, бозӣ кунад. Ӯ 8-уми ноябр дар бозии Бундеслига бо “Вердер” маҷрӯҳ шуд.
Қаблан мунтахаби Сенегал Манеро бо вуҷуди захмдор шуданаш ба ҳайати дастаи мунтахаби Ҷоми ҷаҳонии 2022 шомил карда буд ва умедвор буд, ки ӯ танҳо дар бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ ба даста кӯмак карда наметавонад ва агар ба плей-офф роҳ ёбад хамрох мешавад. Бо вуҷуди ин, шоми 17-уми ноябр табибони сенегалӣ изҳор доштанд, ки Садио дар тамоми Ҷоми Ҷаҳон иштирок намекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив