LIVE

Бозии Тоҷикистон – Русия: Пагоҳ тамринҳои расмӣ ва нишасти хабарӣ баргузор мешаванд

Дар остонаи бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Русия пагоҳ, 16-уми ноябр, дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе тамрини расмӣ анҷом медиҳанд. 
Пас аз анҷоми тамрини пеш аз бозӣ сармураббии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Русия Петр Сегрт ва Валерий Карпин ва як бозигарӣ аз ҳарду даста дар нишасти хабарӣ ширкат мекунанд.
Рӯзноманигороне, ки дархост фиристодаанд, пагоҳ пеш аз оғози тамрини дастаҳо метавонанд иҷозатномаҳои аккредитатсионии худро гиранд. 
Барои маълумоти бештар ба рақамҳои телефонии зерин муроҷиат кунед: (+992) 918667387 (Фаридун Солиев).
 
16 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе пеш аз бозӣ чорабиниҳои зерин дар назаранд: 
17:30 – Тамрини расмии мунтахаби Тоҷикистон (15 дақиқаи аввал барои намояндагони ВАО боз аст). 
18:45 – Нишасти матбуотии пеш аз бозӣ бо ширкати сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт ва як бозигари даста. 
20:00 – Машқи расмии дастаи Русия (15 дақиқаи аввал барои намояндагони ВАО кушода аст). 
21:15 – Нишасти матбуотии пеш аз бозӣ бо ширкати сармураббии мунтахаби Русия Валерий Карпин ва як бозигари даста.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив