LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Иттиҳодияи футболи Русия барои баргузории бозии дӯстона миёни тимҳои миллии ду кишвар ба мувофиқа расиданд.
Вохӯрии дастаҳои Тоҷикистону Русия рӯзи 17-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ки он метавонад 20 ҳазор тамошобинро ҷамъ оварад. Бозӣ соати 20:00 оғоз мешавад.
Қаблан Тоҷикистону Русия дар сатҳи тимҳои миллӣ ҳеҷ гоҳ вонахӯрда буданд.
Ёдовар мешавем, ки дар раддабандии ФИФА мунтахаби Русия дар зинаи 33-юм ва тими миллии Тоҷикистон бошад, дар мавқеи 108-ум ҷой гирифтаанд.
 
 Бозии дӯстона
 7 ноябр (душанбе)
 Оғоз соати 20:00
 ТОҶИКИСТОН –  Русия
 Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив