LIVE

Юсуф Мукокои 17 сола Марко Ройсро дар мунтахаби Олмон иваз мекунад

Ҳамлагари «Боруссия Д» Юсуф Мукоко ба дархости ниҳоии тими миллии Олмон барои ширкат дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2022 дар Қатар шомил мешавад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки футболбози 33-солаи тими “Боруссия” Марко Ройс ба далели захмӣ шудани пояш дар дақиқаи 32-юми бозии чемпионати Олмон бо “Шалке” наметавонад дар ин мусобиқот ширкат кунад. Дар Ҷоми ҷаҳон ба ҷои Ройс ҳамдастаи ӯ Юсуф Мукокои 17-сола бозӣ мекунад.
Ҳамлагари ҷавони олмонӣ дар мавсими имсола дар Бундеслига ва Лигаи Чемпионҳо 19 бозӣ карда, ба задани 6 гол ва 5 партофти головар даст ёфтааст. Барои Мукокои решаи камерунӣ дошта, Ҷоми ҷаҳон мусобиқаи аввалин дар ҳайати тими миллии Олмон хоҳад буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив