LIVE

"Бавария"- барандаи Суперҷоми Олмон дар соли 2021

Дар бозии Суперҷоми Олмон-2021 дастаҳои “Боруссия” аз Дортмунд ва “Бавария” аз Мюнхен сабқат намуданд. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи «Сигнал Идуна Парк» баргузор шуда, бо натиҷаи 3:1 ба фоидаи мюнхениҳо хотима ёфт. Дар анҷоми қисми аввали бозӣ муҳоҷими лаҳистонии “Бавария” Роберт Левандовски ҳисобро боз кард. Пас аз 8 дақиқа футболбози дигари меҳмонон Томас Мюллер натиҷаро 2:0 намуд. Дар дақиқаи 64-ум бошад, Марко Ройс аз “Боруссия” ба задани гол даст ёфт. Ин охири кор набуд, зеро дар дақиқаи 74-ум боз Роберт Левандовски гол ба самар расонида, дастаашро барандаи Суперҷоми Олмон гардонид. Ҳамин тавр дастаи “Бавария” маротибаи 9-ум барандаи Суперҷоми Олмон гардид.

Суперҷоми Олмон-2021
«Боруссия» Д — «Бавария» — 1:3 (0:1)

Голҳо: Левандовски, 41 (0:1). Мюллер, 50 (0:2). Ройс, 64 (1:2). Левандовски, 74 (1:3).

«Боруссия Д»: Кобел, Шултс, Пасслак (Рейниер, 84), Аканҷи, Витсел, Ройс, Дахуд, Рейна (Пашалич, 78), Беллингем (Волф, 84), Холанн, Мукоко (Мален, 58).
«Бавария»: Нойер, Зюле, Упамекано, Дэйвис, Станишич (Сарр, 87), Горетска, Киммих, Левандовски (Шупо-Мотинг, 88), Мюллер (Мусиала, 74), Гнабри (Толиссо, 73), Коман (Сане, 49).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив