LIVE

Олмон барои қаҳрамонӣ дар Қатар чӣ қадар мукофотпулӣ медиҳад?

Дафтари матбуоти Иттиҳодияи футболи Олмон дар сомонаи расмӣ ҳаҷми мукофотпулӣ барои тими миллии Олмон барои ширкат дар Ҷоми ҷаҳон-2022 дар Қатарро эълон кард.

Барои пирӯзӣ дар гурӯҳ ҳар як бозигар 50 000 евро дарёфт хоҳад кард. Дар сурати баромад ба даври чорякниҳоӣ ба бозигарон 100 ҳазор евро, ба ниманиҳоӣ 150 ҳазор евро мукофотпулӣ дода мешавад. Барои ҷойи севум футболбозони олмонӣ 200 ҳазор, барои ҷои дуюм 250 ҳазор мегиранд. Унвони қаҳрамонӣ барои ҳар як футболбоз 400 ҳазор евро арзиш дорад.

Дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2022 мунтахаби Олмон бо тимҳои миллии Испания, Коста-Рика ва Ҷопон дар як гурӯҳ бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив