LIVE

Бозигарони “Реал” аз мукофотпӯлӣ даст кашиданд

Бозигарони “Реал Мадрид” аз мукофотпулӣ барои ба даст овардани чемпионат ва Суперҷом даст кашиданд. Дар пайи пандемия, ҳамаи клубҳо мушкилоти молиявӣ доранд. Бозигарони “Реал Мадрид” аз пардохтҳои имтиёзие, ки барои пирӯзӣ дар мусобиқаҳои мавсими солҳои 2019/2020 ҳақ доштанд, даст кашиданд. Ҳар як бозигар бояд барои чемпионати Испания шудан 700 000 евро ва барои ба даст овардани Суперҷом 300 000 евро мукофотпӯлӣ мегирифтанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив