LIVE

Вавилон барандаи Ҷоми пойтахт

Бахшида ба Рӯзи пойтахти азизамон шаҳри Душанбе мусобиқаи футболи хурд байни вазорату идора ва муассисаву корхонаҳои кишвар баргузор гардид. Бозиҳо рӯзи 13-уми март оғоз гардида, то 17-уми апрел идома кард, ки дар он беш аз 70 тими футболи хурд дар ду синну сол байни ҳам рақобат намуданд. Дар ҳарду синну сол мақоми  сеюмро дастаи Динамои ВКД ишғол намуд. Дар миёни ҷавонон мақоми дуюмро дастаи Формула-55 соҳиб шуд. Дар байни калонслон бошад, дастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишони нуқраи чемпионатро ба даст овард. Дар ҳарду синну сол барандаи Ҷоми пойтахт дар соли 2020 дастаи Вавилон гардид. Баъд аз анҷоми рақобатҳои ниҳоӣ ба тимҳои ғолиб медалу ифтихорнома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми аз 13 то 17 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив