LIVE

Марко Ройс низ ба Чемпионати Ҷаҳон намеравад

Ҳамлагари "Боруссия" ва якачини Олмон Марко Ройс ба Чемпионати Ҷаҳон намеравад. Дар ин бора Sky Sport хабар додааст. Мураббии дортмундиҳо Эдин Терзич қаблан гуфта буд, ки Ройс ҳафтаи оянда ба тамрин бармегардад.
Ба иттилои манбаъ, ба далели ҷароҳат, ҳамлагар ба тими миллии Олмон дар Ҷоми ҷаҳонии футбол кӯмак намекунад. Ройс дар дақиқаи 32-юми бозии чемпионати Олмон бо «Шалке» зимни ба замин фуруд омаданд, ҷароҳат бардошт.
Ройс дар мавсими имсола дар Бундеслигаи Олмон 7 бозӣ анҷом дода, 2 гол ва 2 ассист кардааст. Дар Лигаи Чемпионҳо нимҳимоятгар пас аз ду бозӣ як гол ва як ассист дорад. Ин аввалин мусобиқае нест, ки Марко Ройс  бо илати беморӣ аз даст медиҳад.
Маркоро дар тими миллӣ, умуман иқболаш намехандад, зеро ин панҷумин мусобиқаест, ки ӯ бо сабаби ҷароҳат ширкат карда наметавонад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив