LIVE

Алишер Тӯхтаев беҳтарин мураббии моҳи октябр дар Лигаи олӣ

Алишер Тӯхтаев севумин бор паиҳам беҳтарин мураббӣ дониста шуд
Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи «Истиқлол» Алишер Тӯхтаев беҳтарин мураббии моҳи октябр дар Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон-2022 эътироф гардид.
Моҳи гузашта бошгоҳи пойтахт таҳти раҳбарии Алишер Тухтаев дар Лигаи олӣ се вохӯрӣ гузаронида, 7 имтиёз ба даст оварда. Даста инчунин ба финали Ҷоми Тоҷикистон-2022 роҳ ёфт ва дар силсилаи пеналтӣ бар «Кӯктош» ғолиб омад.
Бояд қайд кард, ки қаблан Тӯхтаев беҳтарин мураббии моҳҳои август ва  сентябр эътироф шуда буд.
Ғолибони лигаи олӣ аз Лигаи футболи Тоҷикистон ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ ҷоизаҳои пулӣ хоҳанд гирифт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив