LIVE

Беҳтарин футболбоз ва мураббии моҳи сентябр эълон шуданд

Лигаи футболи Тоҷикистон натиҷаҳои моҳи сентябрро дар Coca-Cola-Чемпионати Тоҷикистон-2021 ҷамъбаст карда, беҳтарин бозигар ва беҳтарин мураббии моҳро муайян намуд. Ҳамин тариқ, ҳамлагари “Хуҷанд” Далер Ёдгоров беҳтарин бозигари моҳ эътироф шуд, ки дар ду бозии Лигаи Олӣ ва дар як бозии  Ҷоми Тоҷикистон -2021 беҳтарин бозингар гардида буд.
 Лигаи футболи Тоҷикистон сармураббии КМВА ва мутахассиси эронӣ Амин Субҳониро беҳтарин мураббии моҳи сентябр эътироф кард.  Дар се бозии  Чемпионати Тоҷикистон - 2021 дар моҳи сентябр, КМВА таҳти раҳбарии Субҳонӣ се пирӯзӣ ба даст овард, ки ин ба даста имкон дод  ба зинаи сеюми ҷадвали мусобиқа барояд.
 Ғолибони моҳи сентябр аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон пеш аз бозиҳои даври 22-юми Чемпионати Тоҷикистон-2021 бо диплом ва мукофотҳои пулӣ сарфароз хоҳанд шуд.  Беҳтарин бозигар ва беҳтарин мураббии моҳ 3 (се) ҳазор сомонӣ мегиранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив