LIVE

Виталий Левченко тарки “Истиқлол” намуд

Бошгоҳи футболи "Истиқлол"-и Душанбе ва мураббии соҳибном Виталий Левченко ҳамкории худро хотима бахшиданд.  Ба иттилои дафтари матбуотии дастаи шаҳри Душанбе, баъд аз анҷоми муҳлати шартнома ҷонибҳо бо розиги тарафайн онро тамдид накарданд ва дастпарвари футболи Тоҷикистон тарки "Истиқлол" намуд. Виталий Левченко шуруъ аз соли 2020 сармураббии "Истиқлол" буд ва таҳти роҳбарии ӯ даста чемпиони Тоҷикистон, барандаи Ҷом ва Суперҷоми Тоҷикистон гардидааст. Ҳамзамон мавсими гузашта "Истиқлол" бо Виталий Левченко дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи худ мақоми аввалро ишғол намуда, ба даври 1/8 ниҳоӣ баромада буд. Баъд аз рафтани Левченко дастаро иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Алишер Тухтаев тамрин медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив