LIVE

«Истиқлол» имкони аз гурӯҳ баромаданро аз даст дод

Қаҳрамони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 дар гурӯҳи «А» аз ғолиби феълии мусобиқа, бошгоҳи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. 
Бар асоси натоиҷи чаҳор даври мусобиқа «Ал-Ҳилол» дар гурӯҳи «А» бо 12 имтиёз садрнишин аст.  «Ал-Райян» (7 имтиёз) дар зинаи дуюм ва «Шарҷа» (4 имтиёз) дар мақоми сеюм қарор доранд. «Истиқлол» то ҳол имтиёзе ба даст наовардааст.
Дастпарварони Виталий Левченко дар ду бозии боқимондаи марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 бо дастаҳои «Ал-Райян» (23 апрел) ва «Шарҷа» (27 апрел) бозӣ мекунанд.
 
Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022
Гурӯҳи «А». Даври 4-ум
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – 0:3
Голҳо: Одион Игало, 8 (0:1). Одион Игало, 33 (0:2). Салем Ал-Давсарӣ, 90+2 (0:3).
19 апрел. Риёз. Варзишгоҳи «Шоҳзода Файсал Бин Фаҳд».

Next Post

Комментарии 1

sultonsho от 20 апреля 2022 11:57
МАН Ба Нуриддин Давронов Эхтиром дорам аммо хафа нашав бародар Бози авалинро бо дастаи Ал Хилол ту бохти Хама хатогихо аз шумо сар зад Нуриддин. Харчанд Туро шорехон дастгири мекарданд ту хатто мекардиву номи Туро намегирифтанд ва мегуфтан бозингари истиклол бозингари ба хатоги Рох дод аммо ту дигар лоики Истиклол нести Бародарам Нуриддин 

Даводават бисёру аму хеч амале нишон намедихи Нуридинчон[spoiler][/spoiler]

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив